COVID-19: 26 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд

COVID-19: 26 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд
Июл 17
21:36 2021

Имрӯз, 17 июли соли равон зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат  41 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 26 нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 17 июл  дар кишвар 14078 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13685 нафар (97,2%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 110 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 763
  • 831
  • 719,129