COVID-19. Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дору ва таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд

COVID-19. Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дору ва таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд
Сентябр 22
10:17 2020

Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои муолиҷаи бемории коронавирус дору ва таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд. Таҷҳизоти тиббӣ аз либосҳои  махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, сӯзандору, дастпӯш, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептик ва воситаҳои уфунатзудоӣ  иборат мебошанд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода дар маросими супоридани воситаҳои  тиббӣ ба сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист  Ҳадӣ Ҳусайнӣ  изҳори сипос карда, зикр намуд, ки кумаке, ки имрӯз дастрас шуд, ба пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст.

Ҳадӣ Ҳусайнӣ иброз намуд, ки Агентии Оғохон оид ба макони зист дар оянда низ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавируси   COVID-19 пуштибонӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки кумакҳои мазкур бо мақсади пешгирӣ аз густариши   COVID-19  пешбинӣ шуда,  барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало шудан ба бемории мазкур истифода мешаванд. Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи «Ниссан»-ро, ки мутааллиқ ба Кумитаи мазкур буд, пурра таъмир карда, ба ихтиёри ин ниҳод гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 728
  • 1,151
  • 886,104