COVID-19: Беморони диабети қанд, ки аз он сироят ёфтаанд, бояд чӣ гуна табобат бигиранд?

COVID-19: Беморони диабети қанд, ки аз он сироят ёфтаанд, бояд чӣ гуна табобат бигиранд?
Июл 18
10:53 2020

 Бемории диабети қанд дар натиҷаи норасоии инсулин пайдо мегардад. Ин беморӣ аз ду намуд– намуди як ва намуди ду иборат аст. Фарқияти навъи як  аз ду дар он аст, ки  ин навъи диабети қанд асосан дар байни ҷавонон ва кӯдакон пайдо шуда, тезу тунд ба назар мерасад. Диабети навъи ду бошад, дар байни калонсолон пайдо мешавад, ки ин аз синни 35 то 40 соларо дарбар мегирад. Диабети навъи як дар натиҷаи инсулин ба вуҷуд меояд. Диабети навъи дуюм бошад, дар натиҷаи паст шудани таъсири он ба ҳуҷайраҳои бадан ба вуқуъ мепайвандад.

Дар дунё аз 4 то 5 фоизи одамон мубталои бемории диабети қанд мебошанд, ки ин миқдор сол то сол зиёд шуда истодааст. Муайян гардидааст, ки бемории диабети қанд яке аз сабабҳои муриши беморон мебошад. Яъне, он баъди бемориҳои онкологӣ ва бемориҳои дилу рагҳо, дар ҷои сеюм қарор дорад. Ҳангоме, ки беморони диабети қанд ба бемории коронавирус дучор мешаванд, муриши ин гуна беморон то ба 7,3% мерасад.

Дар ҳамин ҳол устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абалӣ ибни Сино», табиб- эндокринолог Моҳбегим Давлатмамадова ба саволи он, ки хусусиятҳои табобати навъи якум ва дуюми бемории диабети қанд ҳангоми гирифтор шудан ба бемории коронавирус аз чӣ иборат аст, чунин посух дод: “ Диабети  қанд ин бемории ғадуди зери меъда мебошад. Чуноне, ки медонем ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда ин бета ҳуҷайрайҳо мебошанд, ки дар бадани инсон инсулинро таъмин месозанд. Табобати бемории диабети қанд ҳангоми гирифтор шудан ба бемории коронавирус хусусиятҳои худро дорад: беморони диабети қанди навъи як ва ду бояд аввал масофаи иҷтимоиро риоя намуда, ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ низ аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд. Муолиҷаҳоро бо маслиҳати табиб гиранд. Бояд гуфт, ки дар вақти табобати ин гуна беморон табиби эндокринолог низ бояд иштирок ва ё пайваста бо бемор дар тамос бошад”.

Ҳамзамон, номбурда гуфт: “Воситаҳои худназораткунии беморони диабети қанд ҳангоми гирифтор шудан ба бемории коронавирус чунин аст: Бемороне, ки синну солашон 30-35 сола аст, ягон фарқияте аз дигар беморон надоранд ва дар вақти муайяншуда бояд доруҳои қандпасткунандаашонро гиранд. Дар беморони аз 60 сола боло, ки вазни ҷисмашон зиёд аст, камтар фарқиятҳо дида мешавад. Агар гирифторони бемории диабети қанд дар чунин синну сол доруҳои қандпасткунандаи метформинро қабул мекарданд, бояд ҳангоми гирифтор шудан ба бемории коронавирус ба истифодаи дигар доруҳои қандпасткунанда гузаранд. Беморони навъи дуюми диабети қанд бояд то табобат ёфтан аз коронавирус ба маводи инсулин гузаранд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки агар нафари  гирифтори диабети қанд ба бемории коронавирус гирифтор шуда бошад, вобаста ба ҳамин ҳолат ба ӯ истеъмоли ғизоҳо тавсия дода мешавад. Ба чунин беморон истеъмоли хӯрокҳои серравған ва ҳамзамон аз меъёр зиёд истеъмол намудани хӯрок мумкин нест ва ба онҳо хӯрокҳои дар шакли ҷӯшонида ё дар буғ тайёршуда, инчунин, истеъмоли ғизоҳои табиӣ хеле манфиатовар мебошанд. Ҳамзамон, чунин беморонро зарур аст, ки ба тарсу воҳима дода нашаванд, зеро тарсу ваҳм боиси вазнин шудани беморӣ  ва ҳамзамон ҳамроҳ шудани дигар бемориҳо ба ҷисми инсон мегардад.

Корманди Донишгоҳи давлатии тиббии

Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Юлдошева З.И.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 407
  • 956
  • 913,107