COVID-19. Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои «Аэрофлот» аз Катманду ба Москва оварда шуданд

COVID-19. Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои «Аэрофлот» аз Катманду ба Москва оварда шуданд
Май 19
17:02 2021

Ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот» барои баровардани шаҳрвандони Россия аз Непал парвози махсус анҷом дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ин ҳавопаймо аз Непал  ба Москва   парвоз карданд, хабар медиҳад агентии Sputnik бо истинод ба хадамоти матбуоти Россотрудничество.

Ин парвоз аз ҷониби сафорати Россия дар якҷоягӣ бо  «Русский дом»  дар Катманду ташкил гардид.

Ҳамчунин, сокинони Беларус, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Озарбойҷон, Лаҳистон, Литва ва Малта аз ин  имконият истифода бурда, бо ҳавопаймои Россия аз Непал берун шуданд.

«Дусаду панҷоҳу се нафар аз Катманду парвоз карданд»,-зикр намуданд дар Россотрудничество.

Ҳавопаймои «Аэрофлот» мусофиронро ба фурудгоҳи Шереметйевои Москва, тахминан соати 14:30 ба вақти Москва (16:30 ба вақти Душанбе) расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари афзоиши шадиди шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишвар, Непал оғози моҳи май парвозҳои дохилӣ ва хатсайрҳои автобусҳоро манъ кард. Инчунин парвозҳои байналмилалӣ то 14 май қатъ ва баъдан манъи он то поёни сол тамдид карда шуд.

То 18 май дар Непал 464,218 ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Непал 5,215 нафарро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои тасдиқшудаи табобати пурра аз ин вирус 345 523 адад мебошад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,406
  • 1,421
  • 957,928