COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 194 ҳазор нафар зиёд шуда, тақрибан ба 10 миллион расид

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 194 ҳазор нафар зиёд шуда, тақрибан ба 10 миллион расид
Июн 27
10:16 2020

Ба ҳолати соати 11:00-и 27 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон тақрибан ба 10 миллион расида, зиёда аз 497 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,3 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 194 190 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 4 893 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 910 135 нафар ва теъдоди фавтидагон 497 001 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 360 855 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2,552,956 нафар), Бразилия (1,280,054), Россия (620,794), Ҳиндустон (509,446), Британияи Кабир (309,360), Испания (294,985), Перу (272,364), Чили (263,360), Италия (239,961) ва Эрон (217,724) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 96
  • 1,058
  • 888,508