COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар гардид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар гардид
Июн 08
09:17 2020

Ба ҳолати 8 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 113 ҳазору 90 нафар зиёд шуда, ба 7 миллиону 86 ҳазору 741 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 460 ҳазору 171 кас шифо ёфтаанд ва 406 ҳазору 127 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 007 449 нафар), Бразилия (691 962), Россия (467 673), Испания (288 630), Британияи Кабир (286 194), Ҳиндустон (257 486), Италия (234 998), Перу (196 515), Германия (185 869) ва Эрон (171 789) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (761 708 нафар), Бразилия (302 084), Россия (226 731), Германия (169 100), Италия (165 837), Туркия (137 969), Эрон (134 349), Ҳиндустон (128 848), Чили (95 631) ва Чин (86 219) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (112 469 нафар), Британияи Кабир (40 542), Бразилия (37 312), Италия (33 899), Франсия (29 155), Испания (27 136), Мексика (13 699), Белгия (9 595), Германия (8 776) ва Эрон (8 281) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 124
  • 854
  • 917,641