Дабири кулли ТУТ барои баррасии вазъи коронавирус ба Чин меравад

Дабири кулли ТУТ барои баррасии вазъи коронавирус ба Чин меравад
Январ 28
08:31 2020

Дабири кулли Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)  Тедрос Адан  Гебрейесус  хабар дод, ки барои мулоқот бо ҳукуматдорони Чин ва коршиносон дар соҳаи нигаҳдории  тандурустӣ ва баррасии вазъият оид ба коронавируси нав ба Пекин сафар мекунад. Дар ин бора «Риа Новости» иттилоъ медиҳад.

«Ман ба Пекин сафар мекунам, то ин  ки  бо ҳукуматдорон ва коршиносон дар  соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ки барои аксуламал бар зидди коронавирус чораҷӯӣ мекунанд, мулоқот намоям. Мо бо ҳамтоёнамон аз ТУТ мехоҳем сабабҳои доман паҳн кардани ҳодисотро  фаҳмем ва ҳамкории худро бо Чин дар масъалаи таъмини минбаъдаи ҳифз аз авҷ гирифтани вирус таҳким бахшем»,- навиштааст дар аккаунти  худ дар “Твиттер” Гебрейесус.

Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки мутахассисони ташкилот шабонарӯз кор мекунанд, то ин ки Чин ва аҳолии онро дар ин айёми мураккаб дастгирӣ  намоянд. Ҳамчунин ТУТ бо кишварҳое, ки дар он ҷо ин беморӣ мушоҳида мешавад, робитаи зич дорад. Ташкилот доираи васеи коршиносонро ҷалб  карда, барои тамоми кишварҳои ҷаҳон тавсияҳо таҳия менамояд ва  мекӯшад, ки низоми аксуламалро  зидди коронавирус ба кор андозад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 399
  • 1,099
  • 923,611