Дар ҷаласаи корӣ вазъи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид

Дар ҷаласаи корӣ вазъи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид
Ноябр 14
16:02 2020

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, роҳбарони беморхонаҳо, таваллудхонаҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 ҷаласаи корӣ  доир гардид.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода таваҷҷуҳи масъулинро ба тақвият бахшидани корҳо дар сатми пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҷалб намуда, ҳамзамон, доир ба омодагии ҷиддии муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба давраи зимистон ба роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳр вазифаҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 ва тақвият бахшидани  гаштҳои хонагӣ, инчунин дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, бобати бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19  ва баррасии дигар масъалаҳо  гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Самариддин Ализода  дар вилояти Суғд қарор дорад. Инчунин, дар ин сафар гурӯҳи кории вазоратро Намояндаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева низ ҳамроҳӣ мекунад.

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан,  Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд дидан намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд  таъмиру барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон  ба ҳукми анъана даромада, дар ин  самт аллакай корҳои назаррас   ба анҷом расонида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 350
  • 1,103
  • 947,088