Дар ҷаласаи корӣ вазъи таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардид

Дар ҷаласаи корӣ вазъи таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардид
Январ 25
20:22 2024

25 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлил ва баррасии вазъи таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти вазорат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмии зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Тавре таъкид гардид, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Новобаста ба пешравиҳои назаррас, ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилоту камбудиҳо низ ҷойдоранд, ки аз ҷониби масъулини соҳа, махсусан аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмии вазорат тадбирҳои муҳиму саривақтиро талаб менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки 24 январи соли ҷорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки сатҳу сифати омодасозии мутахассисон дар коллеҷҳои тиббӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нест.

Бори дигар аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмии зертобеи вазорат даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сифати таълим махсусан дар коллеҷҳои тиббӣ аз пештара бештар кӯшишу талош намоянд.Дар охир баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои тиббӣ аз ҷониби иштирокчиён мулоҳизаронӣ сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки субҳи имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 январи соли 2024 зимни суханронии хеш дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, бемории диабети қанд ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар коллеҷҳои тиббӣ баён доштанд, тариқи онлайн бо сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 517
  • 956
  • 913,217