25 ноябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазоратро ифтитоҳ намуда, мавзӯъҳои ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Ҳамин тавр, дар ҷаласа чор масъала-“Таҳлили сабабҳои фавти модарон дар соли 2021 ва 9 моҳи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023”, “Таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва “Вазъи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона-интернатҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Оид ба мавзӯъи якум-“Таҳлили сабабҳои фавти модарон дар соли 2021 ва 9 моҳи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев баромад намуд.
Гуфта шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Кӯдакон ояндаи миллатро муайян менамоянд ва сарвати асосии ҳар як давлат маҳсуб меёбанд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд гардид, дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 5 сола 3,2 ва фавти модарон 4 баробар кам шудааст.
Масъалаи таъмини ҳифз ва беҳдошти саломатии занону модарон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Далели гуфтаҳои боло, такмили мунтазами заминаҳои ҳуқуқии ин масъала, қабули барномаҳои махсус дар ин самт ва сол аз сол зиёд гардидани таваҷҷуҳи зинаҳои гуногуни мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба ин проблема ва тамоюли устувори пастшави нишондиҳандаи беморшавӣ ва фавти модарону кӯдакон тайи солҳои охир мебошад.
Нишондиҳандаи фавти модарон яке аз ченакҳои асосии сифат ва сатҳи ташкилу расонидани кӯмаки акушерӣ дар муассисаҳои тандурустӣ буда, далели ба таври самаранок ворид намудани дастовардҳои илмии муосир дар амалияи тандурустӣ мебошад. Баҳри паст намудани беморшавӣ ва фавти модарон ва кӯдакон инчунин, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа-ин беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, ғизои солим, эмкунӣ, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонад.
Қайд кардан лозим аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва коҳиш додани нишондоди фавти онҳо дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Махсусан, вобаста ба таҳияи зерсанадҳо, ки аз Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, 3 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби бо роҳхати табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ таъмин намудани кӯдакон”, “Рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ” ва “Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба занҳо дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва баъди он” тасдиқ гардиданд.
Пас аз шунидани маърӯзаи мазкур сабаб ва омилҳои фавти модарон ва кӯдакон дар кишвар мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба “Саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат Шарифов Зайнулло ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.
Қайд гардид, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2022, №271 «Дар бораи саривақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.
Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
Дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир, корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Муассисаҳои соҳа дорои 886 адад генераторҳои барқӣ буда, барои онҳо 57338 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки он 99,0%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад ва дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар мавзӯъи “Таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Қосимов баромад кард.
Зикр гардид, ки дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2022, №780 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши вазъи хизматрасонии тиббӣ ва таъминотнокии кадрӣ дар муассисаҳои давлатии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” аз 24 октябр то 10 ноябри соли 2022 гурӯҳи корӣ ба шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ ба анҷом расонид.
Таҳлил нишон дод, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 815 муассиса, шуъба ва ҳуҷраи стоматологӣ, аз он ҷумла як Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, 30 адад маркази стоматологӣ, 47 адад шуъба, 195 ҳуҷра дар назди марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ, 298 адад ҳуҷра дар марказҳои саломатии деҳот, 232 адад муассиса ва ҳуҷраҳои хусусии стоматологӣ фаъолият менамоянд.
Яке аз бахшҳои муҳими стоматология ҷарроҳии ҷоғу рӯй мебошад. Дар шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй 6 нафар табиб -стоматолог ҷарроҳ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафарашон номзади илмҳои тиб мебошанд. Шуъба дорои 20 кат буда, дар 9 моҳи соли 2022 300 нафар бемор ба табобати статсионарӣ фаро гирифтааст, ки ба онҳо амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ дар минтақаҳо ва фазоҳои ҷоғу рӯй гузаронида шудааст.
Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳ баъди баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати касбӣ дар хориҷи кишвар як қатор ҷарроҳиҳои мураккабро оид ба бартараф намудани нуқсони модарзодии лабу ком ва чеҳра анҷом дода истодаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар пажӯҳишгоҳи номбурда муолиҷаи беморон бо анкилози буғуми чаккаву ҷоғи поён бо истифодаи эндопротезҳои титании системаи «Конмет» бомуваффақият гузаронида мешавад. Солҳои пеш муолиҷаи ин беморӣ яке аз мушкилтарини минтақаи ҷоғу рӯй ба ҳисоб рафта, дар ҷумҳурии мо гузаронида намешуд.
Дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии стоматологияи шаҳри Москва дар пажӯҳишгоҳи мазкур усулҳои тармими контурии деформатсияҳои рӯй бо истифодаи имплантатҳо аз силикон ворид карда шуда, имплантологияи денталӣ ва муолиҷаи аномалияҳои ҷоғу дандонҳо бо истифодаи эйҷуайз-техника васеъ ба роҳ монда шуданд.
Пас аз шунидани маърӯзаи мазкур ба роҳбарияти пажӯҳишгоҳ, сармутахассисони соҳавӣ ва дигар масъулини соҳа супориш дода шуд, ки омилҳои зиёд гардидани бемориҳои стоматологиро дар байни аҳолӣ, хосатан дар миёни кӯдакон таҳлил карда бароянд. Инчунин, доир ба ҳалли дигар мушкилоту камбудии ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазир ба масъулини дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Оид ба “Вазъи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона-интернатҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки хизматрасонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Гуфта шуд, ки айни замон дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 7 хона-интернатҳо, аз ҷумла 3 муассиса барои беморони рӯҳӣ (муассисаҳои давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии ш. Ҳисор”, «Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ” ва «Хона-интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷ. Расулов”) ва чор муассиса барои пиронсолон ва маъюбон (муассисаҳои давлатии «Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода», “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон”, «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён” ва “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент”) пешбинӣ карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаҳои будубоши доимии мазкур дорои 1355 кат-ҷой буда, ба ҳолати 15 ноябри соли ҷорӣ 1197 нафар ба нигоҳубин ва хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки бинобар кам шудани талабот барои ҷойгиркунонӣ дар хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон дар ин муассисаҳо 168 катҳои холӣ мавҷуд мебошад. Аз шумораи умумии бошандагони хона-интернатҳо 636 нафар мард, 457 нафар зан ва 104 нафар кӯдакони маъюб мебошанд. Маъюбони гурӯҳи якум – 274 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 543 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 8 нафар мебошанд. Пиронсолони аз 63 то 81 сола 268 нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин, аз 1197 нафар бошандагон 214 нафарашон бистарӣ мебошанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба зимистонгузаргонӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.
Доир ба мавзӯъҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.