Дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд
Феврал 20
14:25 2024

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Куруди Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бунгоҳ аз 4 ҳуҷра иборат буда,  дар он тамоми таҷҳизоти тиббии муосир ва мизу курсиҳои соҳавӣ  муҳайё карда шудааст. Дар бунгоҳи мазкур 4 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аснои ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ аз таваҷҷуҳи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, ба истифода додани иншооти мазкурро самараи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ба соҳа арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шумораи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб меафзояд, ки ин гувоҳи зиндагии шоиста доштани мардуми ноҳия ва деҳоти дурдасти он мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,419
  • 1,421
  • 957,941