Дар ноҳияи Рӯдакӣ Бунгоҳи тиббии Ҳасанобод ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ  Бунгоҳи тиббии Ҳасанобод ба истифода дода шуд
Сентябр 22
14:02 2022

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ бомаром идома доранд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ, бунёди муассисаҳои тандурустӣ ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 22 сентябри сол равон дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ як бунгоҳи тиббии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Бунгоҳи тиббии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд карда шудааст.

Дар маросими ба истифода додани бунгоҳи тиббии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ аз 7 ҳуҷра, аз қабили ҳуҷраҳои қабул, хатна, эмгузаронӣ,  тибби оилавӣ ва ғайра иборат буда, он ҳамзамон бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Аснои ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сокинони деҳаи мазкурро ба бунёди чунин муассисаи тандурустии хуштарҳу замонавӣ табрик ва муборакбод намуда, иброз доштанд, ки маҳз ба хотири таъмини солимии шаҳрвандон чунин иншооти замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон имрӯз дар бунгоҳи тиббии мазкур  ба 20 нафар кӯдакон амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 8 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 5 муассисаи дигар аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. То охири соли равон  дар ноҳия 3 муассисаи тандурустӣ низ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 347
  • 1,103
  • 947,085