Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин эмкунии кӯдакон гузаронида шуд

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин эмкунии кӯдакон гузаронида шуд
Июн 22
15:42 2020

 Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна  бемориҳои сироятӣ ба кӯдакони  навзод ва синни шашсола  эмгузаронӣ анҷом шуд.

Директори  маркази иммунопрофилактикии ноҳия Назардод Мирзозода  зимни суҳбат иброз намуд, ки мақсади барномаи  иммунопрофилактика  дар байни кӯдакон  барҳам додани  бемориҳои сироятии  идорашаванда аз қабили ваксинаи зидди гепатит, бемории фалаҷ, бемории сурхча,  бемории гемофилия, гулузиндонак, кузоз, бемории сил  ва дигар бемории сироятӣ мебошад, ки ҳар як оиларо зарур аст доир ба пешгирии ин бемориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сари вақт ба марказ муроҷиат намоянд.

Дар асоси барнома, маркази  иммунопрофилактикаи  ноҳия  ҳар моҳ тамоми марказҳои саломатиро бо ваксинаҳо, сӯзандоруҳо,  таҷҳизот барои нигаҳдории  занҷири яхбандӣ, ҳуҷҷатҳои  шакли -063, шиноснома, маҷаллаи қайди назорати ваксинаҳо, маҷаллаи иммунизатсиякунӣ  ва дигар намуди дастурамалҳо оиди бемориҳои сироятии идорашавандаро  таъмин менамояд.

Бино ба зикри манбаъ дар панҷ  моҳи соли равон  545 нафар  кӯдак таваллуд ва ҳар навзод  сари вақт  бо ваксинаҳои  нақшавӣ  фаро гирифта шудаанд. Маркази  иммунопрофилактика  ҳамарӯза назоратро  барои бехатарии  иммунизатсия  дар байни кӯдакон  мебарад.

Дар баробар ин, кормандони маркази мазкур  баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан каронавирус ба ҷамоатҳои дурдаст  сафар намуда, ба аҳолии маҳаллӣ вохӯриҳо мегузаронанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,408
  • 1,421
  • 957,930