Дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ оид ба сирояти коронавирус машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид

Дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ оид ба сирояти коронавирус машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид
Феврал 04
14:54 2020

Имрӯз, 4 феврали соли равон дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо иштироки Татяна Волнова, мудири Озмоишгоҳи вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони “Коронавирус-афсона ё ҳақиқат?” машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Мудири Озмоишгоҳи вирусологии вазорат Татяна Волнова оид ба таърих, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус ба кормандони Озмоишгоҳи миллии референсӣ маълумоти муфассал  дод.

Қайд гардид, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки он ба яке аз мушкилоти умдаи соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст, бояд кормандони соҳаи тиб ва ҳам шаҳрвандон дар бори сирояти мазкур маълумоти кофӣ дошта бошанд, зеро, доштани маълумоти кофӣ оид ба сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус метавонад шаҳрвандонро аз гирифторшавӣ ба он эмин нигоҳ дорад. Ҳамин тавр, кормандони Озмоишгоҳи миллии референсӣ оид ба сирояти коронавирус маълумоти зарурӣ  гирифтанд.

Баргузор гардидани чунин машғулиятҳои омӯзишӣ аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони озмоишгоҳи мазкур дарак медиҳад.

Дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ чунин машғулиятҳои омӯзишӣ, ки ба такмили дониши тахассусии кормандони соҳа равона гардидаанд, пайваста баргузор карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 743
  • 1,151
  • 886,119