Дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон оид ба пешгирии амалҳои номатлуб вохурӣ доир гашт

Дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон оид ба пешгирии амалҳои номатлуб вохурӣ доир гашт
Апрел 01
10:32 2024

Имрӯз, 1-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили пешгирии терроризм ва экстремизм дар ҷомеа ва ҳамзамон соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  вохурии Ҷонзода Илҳом, муовини сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакилли Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур баргузор гашт, ки дар он ҳамзамон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ иштирок намуданд.

Дар вохурии мазкур зикр гардид, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табиии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.

Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди   экстремизм” қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати  ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм бо назардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Гуфта шуд, ки мо бояд бо шукргузорӣ аз ин Ватани озоду маҳбуби хеш бар зидди чунин амалҳои номатлуби замони муосир аз пештара бештар муборизаи беамон бурда, баҳри пойдорӣ ва гулгулшукуфоии кишварамон саҳми хешро гузорем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 105
  • 1,219
  • 898,521