Ҷиҳати татбиқи якумин баррасии соҳа ва зерсоҳаҳои таъмини об, санитария ва беҳдошт ЮНИСЕФ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуд
Баъд аз татбиқи раванди амиқи машваратҳо бо вазоратҳо ва шарикони рушди асосӣ, аввалин баррасии соҳавӣ оид ба масъалаҳои таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH) баргузор гардид. Чорабинии мазкур санаи 31 марти соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинии мазкур аз таҳлили вазъияти соҳа (WASH) ва зерсоҳаҳо, (WASH дар шаҳрҳо, WASH дар деҳот, WASH дар муассисаҳо ва WASH-и башардӯстона) бо назардошти панҷ пояҳо иборат буд. Пояҳои мазкур зерин мебошанд: 1) Сиёсат ва стратегия, 2)Тартиботи муассисавӣ, 3) Маблағгузорӣ, 4) Банақшагирӣ, мониторинг, баррасӣ ва 5) Рушди зарфият. Ҳадафи онҳо таҳкими роҳбарии ҳукумат дар равандҳои банақшагирии соҳа, таҳияи стратегияҳои устувори маблағгузории бахши об ва санитария, тақвият ва истифодаи низомҳои кишвар, инчунин истифодаи платформаи ягона ва муштараки масъулият мебошанд. Инчунин, раванди мазкур таҳлили ҳамаҷониба ва амиқи эҳтиёҷот ва зарфиятҳои бахши WASH-ро дар бар гирифта, ба вазоратҳо ва шарикони соҳа тақдим карда шудааст. Илова бар ин, раванди мазкур ҳамчун як намуна дар самти муассисавӣ намудани баррасиҳои муштараки соҳа дар Тоҷикистон хизмат хоҳад намуд, ки ҳадафи онҳо ҷоннок намудани пешравӣ ва тарғибу ташвиқи иттилооти асоснок оид ба тақсимоти захираҳо ва сафарбаркунӣ дар соҳаи WASH мебошад.