Дар шаҳри Исфара бинои шӯъбаи табиатшифоӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Исфара бинои шӯъбаи табиатшифоӣ ба истифода дода шуд
Феврал 28
15:03 2024

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ба талаботи  муосири хизматрасонии тиббӣ мувофиқ намудани фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои ахир соҳаи тандурустии шаҳр, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ ба таври назаррас рушд ёфта, пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳа пайваста мустаҳкам гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ беҳбудӣ меёбад.

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо иштироки муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри мазкур боз як иншооти ҳаётан муҳими ба тозагӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳазгардида-бинои шӯъбаи табиатшифоӣ (физиотерапия) мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба иттилои сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибидин Муҳамедов, асоси фаъолияти шӯъбаро табобати физиотерапевтӣ ташкил дода, ҳамчунин тавассути таҷҳизотҳои муосири тиббӣ барқарорсозии организми беморон баъди беморӣ роҳандозӣ мешавад. Фароҳамсохти шароити созгор ва заминаи хуби моддӣ–техникӣ имкон медиҳад, ки табобату тавонбахшии беморон зиёд гашта, сатҳу сифати хизматрасонӣ низ беҳтар гардад.

Ҳамарӯза 10 нафар кормандони соҳибтахассус дар утоқҳои барҳаво амалиётҳои физиотерапевтиро аз қабили сӯзандармонӣ, кашиши мӯҳраҳо, шамъдармонӣ, магнитдармонӣ ва ғайра анҷом медиҳанд.

Мавриди баҳрабардории ниёзмандон қарор дода шудани бинои куллан таъмиру азнавсозиёфта ва муҷаҳҳазкардашудаи шӯъбаи табиатшифоӣ  бешак ҷиҳати болобурди сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бароҳатии маризон мусоидат хоҳад кард.

Кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара баҳри амалӣ намудани барномаҳои солимӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар нигоҳдории сиҳатии мардум саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 289
  • 638
  • 861,540