Дар Тоҷикистон беш аз 447 ҳазор нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд

Дар Тоҷикистон беш аз 447 ҳазор нафар ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд
Июл 22
14:17 2021

То  санаи 21 июли соли равон дар Тоҷикистон 447 ҳазору 114 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 22 ҳазору 242 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сияроти мазкур маънидод мекунанд.

Бояд гуфт, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус  дар ҷумҳурӣ идома дорад.

(Акс аз moh.tj)

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 964
  • 1,045
  • 914,709