Дар вилояти Хатлон оид ба пешгирии бемории COVID-19 вохурӣ доир гардид

Дар вилояти Хатлон оид ба пешгирии бемории COVID-19 вохурӣ доир гардид
Август 15
16:55 2020

Дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  вохурӣ доир гардид, ки дар он раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода М.М., роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони як қатор сохтору мақомотҳои марбута иштирок намуданд.

Дар вохурӣ масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташфиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар байни аҳолӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар вохурӣ  аз риоя нагардидани қоидаҳои пешгирии ин беморӣ аз ҷониби шаҳрвандон, махсусан бе истифодаи ниқоби тиббӣ гаштугузор намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки танҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои пешгирӣ мо метавонем худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 96
  • 1,058
  • 888,508