Дастгирии табақаҳои осебпазир ва ниёзманди аҳолӣ дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мақоми хоса доранд: Бардошт аз мизи мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои марбут ба пиронсолон

Дастгирии табақаҳои осебпазир ва ниёзманди аҳолӣ дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мақоми хоса доранд: Бардошт аз мизи мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои марбут ба пиронсолон
Феврал 25
10:37 2021

Имрӯз, 25 феврали соли равон дар меҳмонхонаи Атласи шаҳри Душанбе доир ба баррасии масъалаҳои марбут ба одамони пиронсол, одамони  аз 60 сола боло, ки теъдоди онҳо имрӯз дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш қарор дорад, мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз намуд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир ва ниёзманди аҳолӣ дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мақоми хоса дошта,  таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур ҳамоно муассир ва тақдирсоз боқӣ мемонад.

Қайд гардид, ки маҳз тавассути сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳои зиёди созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба сифат ва миқдори хизматрасониҳо, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ рӯз то рӯз беҳтар намуда истодааст.

Мувофиқи дурнами СММ, интизор меравад, ки то соли 2050  дар рӯйи замин беш аз 2 миллиард нафар пиронсолон зиндагӣ хоҳанд  кард.  Коршиносони СММ нишондиҳандаҳои демографии пиршавии аҳолии ҷаҳонро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, роҳандозӣ намудани чораҳои дахлдорро баҳри бартараф кардан ва ё пешгирӣ намудани оқибатҳои пешгӯишавандандаи онро, ки барои таъмини пиронсолии  арзанда ҳалли фавриро тақозо менамоянд, муҳим мешуморанд.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба сиёсати давлат ба ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, дастовардҳои илмию амалӣ ва мушкилоти асосӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, лоиҳаи Барномаи минтақавии кори иҷтимоӣ барои пиронсолон дар Осиё ва дигар  масъалаҳомаърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Доир ба мавзӯъҳои пешниҳодгардида аз ҷониби иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 735
  • 1,103
  • 947,473