Дастоварди нави соҳаи силшиносӣ: 3 адад мошини сайёри флюрографии рақамӣ

Дастоварди нави соҳаи силшиносӣ: 3 адад мошини сайёри флюрографии рақамӣ
Апрел 23
12:08 2018

Шоми 22 апрели соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати шарикони рушд ба соҳаи силшиносии кишвар 3 адад мошини сайёри флюорографии раќамӣ тақдим карда шуд. Ин мошинҳои сайёри флюорографии раќамӣ, ки аз навтарин таҷҳизоти ташхиси сил маҳсуб меёбанд, истеҳсоли Федератсияи Россия буда, бо маблағи 600 ҳазор доллари ИМА харидорӣ карда шудаанд.

Тавре Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Раҷабзода Аслидин Саидбурҳон иттилоъ дод, таҷҳизотҳои ҷадиди силшиносӣ имконият медиҳанд, ки беморони сил саривақт ташхис ва ба табобат фаро гирифта шаванд. Номбурда афзуд, 3 мошини сайёри флюорографии раќами мазкур, ки бо тамоми лавозимоти муосир ҷиҳозонида шудаанд, ба се вилояти ҷумҳурӣ – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва Суғд тақдим шуда, метавонанд тамоми аҳолии кишварро аз ташхиси саривақтӣ гузаронанд.

Мавриди зикр аст, яке аз бартариҳои назарраси ин таҷҳизотҳо дар муқоиса бо таҷҳизотҳои пештара дар он аст, ки имкон доранд дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ низ доимо фаъол бошанд ва дар як замону як макон, дар фосилаи кӯтоҳи вақт ташхисро анҷом диҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 210
  • 1,171
  • 723,273