“Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеъаҳо ва дурнамо”

“Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеъаҳо ва дурнамо”
Июл 04
10:05 2020

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб “Иштирок” бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки ҳамасола санаи 8 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе дар мавзӯъи “Дастрасӣ ба саломатии репродуктивии шахсони маъюбиятдошта: монеъаҳо ва дурнамо” мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазоратҳо ва кумитаҳои дахлдори  мамлакат, инчунин,  намояндагони ташкилотҳои   ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла  ташкилотҳои  ҷамъиятии шахсони  маъюбиятдошта  иштирок намуданд.

Шодихон  Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш дар мизи мудаввар аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки имрӯз барои кору зиндагӣ ва фаъолияти маъюбон дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид  фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ  масъалаҳое, ки дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои репродуктивӣ ва солимии занон ва мардони маъюбиятдошта монеъа мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 134
  • 854
  • 917,651