Март 06
13:25
2018
Комиссияи тендерии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни таъмири бинои шӯъбаҳои кӯдакона ва бемориҳои дарунаи Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод, ки бо тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд: Даъватномаи (ДИО) №003/18 аз 03 марти соли 2018.
- Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оиди озмун метавонанд ба суроғаи Ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко 69 муроҷиат намоянд.
- Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои мӯҳркардашуда, бо суроғаи дар боло зикршуда, то соати 10.00 санаи 3 апрели соли 2018 пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешаванд.
- Лифофаҳо бо пешниҳодоти тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ соати 10.00 санаи 3 апрели соли 2018 кушода мешаванд.