Май 07
12:17
2018
Комиссияи тендерии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни таъмири қисми бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки бо тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд: Даъватномаи (ДИО) №009/18 аз 03 майи соли 2018.
- Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оиди озмун метавонанд ба суроғаи Ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко 69 муроҷиат намоянд.
- Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои мўҳркардашуда, бо суроғаи дар боло зикршуда, то соати 10.00 санаи 24 майи соли 2018 пешниҳод намоянд. Мўҳлати муқарраршуда мўҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешаванд.
- Лифофаҳо бо пешниҳодоти тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ соати 10.00 санаи 24 майи соли 2018 кушода мешаванд.