Комиссияи тендерии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни таъмири системаи гармидиҳии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” (Даъватномаи (ДИО) №013/17 аз 12 июни соли 2017), ки тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оиди озмун метавонанд ба суроғаи ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко 69 муроҷиат намоянд.
2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои мӯҳркардашуда, бо суроғаи дар боло зикршуда, то соати 10.00 санаи 8 августи соли 2017 пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешаванд.
3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ соати 10.00 санаи 8 августи соли 2017 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.