Давоми соли 2020 84848 нафар кӯдак аз амалиёти хатнаи ройгон гузаштанд

Давоми соли 2020 84848 нафар кӯдак аз амалиёти хатнаи ройгон гузаштанд
Январ 19
10:39 2021

Дар асоси тағйиру иловаҳои ахире, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Ҳамчунин маросими мазкур  танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.

Соли 2020 бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 694 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 84848 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.

Соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и  қонуни мазкур чунин омадааст: «Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».

Бояд гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 748
  • 868
  • 734,867