Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 5 ҳолати нави гирифторӣ ба сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

<span class="dojodigital_toggle_title">Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 5 ҳолати нави гирифторӣ ба сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд</span>
Феврал 02
19:44 2022

Имрӯз, 2 феврали соли 2022 зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 5 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шуда, инчунин 11 нафар аз бемории  мазкур солим гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17331нафар гирифторони сирояти COVID-19  ба қайд ва аз ин шумора то санаи зикргардида 17168 нафар (99,1%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пўшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

(Акс аз бойгонии moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 327
  • 854
  • 917,844