Директори Маркази матбуот сазовори ҷоиза гардид

Май 06
14:10 2019

Ҳамасола дар ҷаҳон 3 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии матбуоти озод таҷлил карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола  ба ин муносибат чорабиниҳои зиёд баргузор гардида, ҳамчунин бахшида ба ин сана ба рӯзноманигорони фаъол ҷоиза ва туҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

Имсол низ бахшида ба ин сана дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Мусоидати  расонаҳо  барои рушди устувории сулҳ ва демократия»  баргузор гардидки дар он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Федератсияи Россия,  намояндагони ташкилот ва созмонҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаву мушкилоти соҳаи журналистикаро дар кишварҳои ҳамдигар муҳокима ва баррасӣ намуданд.

Қайд гардид,  ки журналистика дар рушд ва инкишофи ҷомеа саҳми назаррас дошта, барҳақ онро ҳокимияти чорум меноманд. Аз ҷониби иштирокчиён инчунин пешниҳод карда шуд, ки бояд зуд-зуд миёни журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин чорабиниҳо доир карда шавад, то онҳо тавонанд миёни ҳам табодули таҷриба намуда, баҳри рушди журналистикаи минтақа саҳми худро гузоранд.

Дар чорабинии мазкур як қатор рӯзноманигорон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода сазовори Ҷоизаи  “Ҳамраъйии касбӣ”-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,580
  • 1,421
  • 958,102