Доир ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” мизи мудаввар баргузор гашт

Доир ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” мизи мудаввар баргузор гашт
Июл 12
14:10 2023

Имрӯз, 12 июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”  дар мавзӯи “Пешбурди ғанигардонии орди гандум ва ташкил намудани “Фонди миллии гардиш” (премиксҳо) мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони вазорату идора, кумитаҳои дахлдор ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки масъалаи норасоии микронутриентҳоро тавассути мудохила ва бо иловаҳо ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар муддати муайян аз байн бурдан мумкин буда, бо ин роҳ солимии аҳолии кишварро дар якҷоягӣ таъмин хоҳем кард.

Дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла дар банди 26-и “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ва банди 37-и “Нақшаи бисёрсоҳавии беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” имконияти таъсис додани “Фонди миллии гардиш (премиксҳо)” фароҳам оварда шудааст. Яъне, аз қабули ин ҳуҷҷатҳо хулоса кардан мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории сиёсии худро барои ҳифзи солимии аҳолӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ иброз намудааст.

Дар идома як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мазкур баромад намуданд.

Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаи баргузории ҷаласаи мизи мудаввари имрӯза, ҷамъоварии фикру ақидаҳо ва хулосаҳои мусбии намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии шарикон оид ба рушд ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии даъватгардида барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, аз ҷумла ҷалби маблағгузориҳои зарурӣ ва таъмини шароити иқтисодию техникӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории аввалияи ғанигардонидашуда  мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 104
  • 1,219
  • 898,520