Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба давраи зимистони солҳои 2020-2021 омода мешавад

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  ба давраи зимистони солҳои 2020-2021 омода мешавад
Октябр 12
09:25 2020

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  мутобиқи  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли 2016, №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъсис ёфта, инак, соли сеюм аст, ки муваффақона фаъолият дорад.

Давоми нуҳ моҳи  соли равон аз рӯи маълумотҳои оморӣ теъдоди  кормандон ва омӯзгорони донишгоҳи мазкур ба 257 нафар расидааст.  Аз шумораи умумии кормандон 132  (51,3%) нафарро  ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 102 нафар ё худ 77,2% –ро омӯзгорони асосӣ ва 30 нафари дигар (22,8%) омӯзгорон – ҳамкорони беруна  мебошанд.  Теъдоди  омӯзгорони дараҷаи илмидошта  18 нафар  мебошанд, ки 17,6% -ро  ташкил медиҳад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дорои 3 факултет ва 15 кафедра буда, теъдоди  умумии донишҷӯён  то 20 сентябри соли равон ба 1877  нафар  расидааст.  Аз шумораи умумии донишҷӯён 645 (34,4%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1232 (65,6%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 478 (25,4%) нафар  ва  писарон  аз 1399 (74,5%) нафар  мебошанд.

Заминаи моддӣ –техникии донишгоҳ дар ин давра таҳким ёфта, барои кафедраҳо ва дигар сохторҳои таълимию озмоишӣ            шароитҳои мусоид  фароҳам оварда шудааст.

Фонди умумии  китобхонаи донишгоҳ бошад, ба 25 990 нусха адабиёт расонида шудааст, ки аз ин шумора 23170  нусха ва ё  худ 89,1%-и онро  китобҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Дар таркиби фонди китобхона инчунин адабиётҳои электоронӣ  ҷамъоварӣ гардидааст, ки теъдоди он аз 42 700 иборат мебошад. Таркиби фонди китобхона бо забони давлатӣ  аз 9642 (37%) нусха, бо забони русӣ 15898 (61,1%) нусха ва бо забони англисӣ  аз 450 (1,7,) нусха адабиёт иборат мебошад.

Дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонӣ яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти босуботи таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, нишондиҳандаи асосии фаъолияти донишгоҳ ва яке аз меъёрҳои муайянсозии сатҳу сифати таълим ва дарсомӯзии донишҷӯён ба шумор меравад.

Масъалаҳои тайёрӣ ва ҷамъбасти сессияи имтиҳонии зимистона мунтазам дар ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ-методӣ, Раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда мешаванд.

Баҳри хуб ҷамъбаст намудан ва объективона баҳогузорӣ кардани дониши донишҷӯён имсол низ дар тамоми курсҳо қабл аз оғози сессияи имтиҳонӣ маҷлисҳои курсӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо ректор, муовини ректор, сардори шуъбаи таълим, декан, муовинони деканҳо ва мудирони кафедраҳое, ки фанҳои имтиҳонӣ доштанд, иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳоро баррасӣ намуданд.

Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ барои қабули имтиҳонҳои тестӣ  дар ҳайати 15 нафар аъзои раёсат ва 32 нафар омӯзгорони кафедраҳо Комиссияи имтиҳонӣ ва аппелятсионӣ ташкил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки  ба раёсати донишгоҳ муйяссар гашт, ки имсол бо 54 муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба таъмин намудани шароити гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бо сартабибони ин минтақаҳо  шартномаҳои дарозмуддатро ба имзо расонад.  Дар маҷмуъ, 1068 нафар донишҷӯёни курсҳои 1  ва 4 тибқи барнома ва нақшаҳо давраи таҷрибаомӯзиро гузаштанд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ  дар  ин давра аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар  маҷмуъ олимони донишгоҳ 109 таълифоти  илмӣ, аз ҷумла 41 мақола ва 68 фишурда  нашр намуданд. Инчунин, дар ин давра 1 пешниҳоди навоварона ба қайд гирифта шудааст.  Шӯрои илмӣ – методии донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ 11 масъаларо баррасӣ намуда, барои тасдиқи 3 дастурамалҳои таълимӣ – методӣ, 1 курси лексияҳо ва 28 саволномаҳои тестӣ ва 1 китоби дарсӣ қарор қабул намудааст.

Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бо донишгоҳҳои шарик, аз ҷумла ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро, Мактаби байналмилалии тиббии Қирғизистон, Муассисаи давлатии таълимии Академияи тиббии таҳсилоти баъдидипломии Белорусия ва Донишгоҳи тиббии Синҷон (Чин) густариш ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ низ дар ин давра таҳким ёфтааст. Дар давоми нуҳ моҳи  соли 2020  дар Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии н. Данғара ба 5946 беморон ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шуд.  Аз ҷумла 145 амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ – пластикӣ ва  167 намудҳои дигари ҷарроҳӣ гузаронида шудаст, ки дар маҷмуъ 312 амалиёти ҷарроҳиро ташкил медиҳад. Инчунин, табобати 3267 нафар гирифтори беморииҳои дарунӣ, ташхису табобати 995 нафар гирифтори бемориҳои кӯдакона, муоина ва табобати 662 нафар беморони гушу гулую бинӣ, табобати 457 нафар гирифтори бемориҳои стоматологӣ,  муоина ва табобати 180 нафар беморони чашм, муоина ва табобати 75 нафар беморони травматологӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.04.2020, №1446 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” дар Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон санаи 30.05.2020 Нақшаи чорабиниҳо дар бораи саривақт омода намудани иншоотҳои таълимӣ – маишӣ ва эҳтиёҷоти донишгоҳ бо маводҳои зарурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тасдиқ карда шудааст. Айни замон барои харидории 350 тонна ангишт корҳои тендерӣ ба сомон расонида шуда истодааст (то имрӯз 100 тоннаи он ба анбори донишгоҳ ворид шудааст).

Барои дар амал татбиқ намудани фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2020, №1-5/723-564 “Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва эълон намудани пандемия  дар ҷаҳон” ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ДДДХ оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии мубталошавии кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ба бемории коронавирус як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷониби ситоди донишгоҳ маводҳои безараргардонӣ ба пуррагӣ харидорӣ карда шуда, пайваста дар иншооти донишгоҳ корҳои безаргардонӣ гузаронида  мешаванд.

Аз ҷониби мутахассисони донишгоҳ барои донишҷӯёну кормандони донишгоҳ схемаи истифодабарии дурусти доруҳои пешгирикунанда аз бемории коронавируси нави COVID-19 ва пурқувватсозии иммунитети шахс таҳия карда шуданд, ки дар қатори маводҳои  тиббӣ,  инчунин истифодаи гиёҳҳои шифобахш  низ  тавсия карда шудааст.

Раёсати донишгоҳ  дар айни замон ҷиҳати  ҳалли камбудиву норасоии мавҷуда ва амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тамоми имконияту воситаҳоро  ба кор бурда истодааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 96
  • 1,058
  • 888,508