Ду сайёҳи хориҷӣ беморхонаи деҳаи Басиди водии Бартангро навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намуданд

Ду сайёҳи хориҷӣ беморхонаи деҳаи Басиди водии Бартангро навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намуданд
Сентябр 04
16:51 2019

Ду сайёҳи хориҷӣ, ки яке аз  Швейтсария ва дигаре аз Германия мебошанд, баъди саёҳати пай дар пай ва расидан ба деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон  қарор доданд, ки беморхонаи ин деҳаро таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намоянд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод.

Сайёҳ аз Швейтсария Томас Копон гуфт, ки «бори аввал соли 2016 ба ин водӣ сафар карда будам. Он замон зуд бо сокинони маҳаллӣ шинос шуда, ҳатто дар чанд маъракаи хурсандии онҳо ширкат кардам. Ҳоло хурду калони деҳа маро мешиносанд.  Инҳо мардуми хеле одӣ, самимӣ ва меҳрубону меҳмоннавоз мебошанд. Дар ҳамин ҷо бо сайёҳи дигар аз Германия Гизела Бондис шинос шудам. Ҳарду ба ин қарор омадем, ки аз худ дар ин деҳаи дурафтода ёдгорие боқӣ бимонем. Гизела таклиф кард, ки беморхонаи деҳаро таъмир кунем. Ман ҳам розӣ шудам».

Таъмиру таъмини беморхона бо таҷҳизоти тиббӣ аз соли 2016 оғоз ёфта, аввали моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сардухтури ин беморхонаи минтақавӣ Мамадёр Қазоқов гуфт, ки «бинои беморхона комилан навсозӣ шуд ва дар корҳои сохтмонӣ аҳли деҳа довталабона ширкат намуданд. Барои таҷдиди бино ва таъмини беморхона зиёда аз 950 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Беморхона дорои чор кати хоб барои маризон, озмоишгоҳ, ошхона ва дорухона буда, таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби сайёҳон  харида шуданд. Аз ҷумла, дастгоҳи барқии муоинаи дил ва ташхиси ултрасадо аз Германия интиқол ёфта, аз тарафи мутахассисон васлу насб гардиданд. Панҷ нафар табибони беморхона барои такмили касб ба давраи омӯзишӣ ҷалб карда шуданд».

Дар маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақавии деҳаи Басид Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат намуда, барои ҳамкорию дастгирии сокинони ин деҳаи дурдаст ба сайёҳони хориҷӣ изҳори сипос намуд.

Масофа байни деҳаи Басиди водии Бартанг ва маркази ноҳияи Рӯшон 80 километр буда, дар фасли зимистон бар асари боронгариҳо сокинон наметавонистанд сари вақт беморони вазнинро ба маркази ноҳия интиқол диҳанд. Баъди навсозии беморхонаи минтақавӣ ин мушкилот бартараф гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 397
  • 1,099
  • 923,609