Солҳо мегузаранд, аммо аз Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои собиқадорони он доимо дар лавҳи хотираҳоямон абадӣ хоҳанд монд. Ин Ғалаба бар зидди артиши истилогари фашистӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати давлату халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.
Баҳри таъмини ҳуқуқ ва имтиёзҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ як қатор санадҳои қонунгузорӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз 7 апрели соли 1995 аз зумраи онҳо ба шумор меравад.
Қонуни мазкур статуси ветеранҳоро муайян намуда, назму тартиби татбиқи сиёсати давлатро нисбати ветеранҳо муқаррар мекунад. Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар ҷамбаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ шароити зарурӣ муҳайё ва мусоид гардад.
Сиёсати иҷтимоии давлат нисбати ветеранҳо аз мақоми конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ бармеояд, ки он барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва рушду камоли озодонаи инсон нигаронида шуда, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарро дарбар мегирад.
Мутобиқи моддаи 13-и қонуни мазкур ветеранҳо дорои ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шахсӣ мебошанд ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқие доранд, ки дар Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ветеранҳо ба чунин категорияҳо тақсим мешаванд:
– ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
– ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар;
– ветеранҳои хизмати ҳарбӣ;
-ветеранҳои меҳнат (барои маълумоти бештар оид ба қонуни мазкур метавонед ба сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон moh.tj муроҷиат намоед).
Дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба – 9 Май Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати умумии иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании барои солҳои 1941-1945 – ро тартиб дод.
Мутаассифона, маълум гардид, ки то моҳи майи соли 2021 шумораи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки айни замон дар қайди ҳаёт ҳастанд, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 94 нафарро ташкил медиҳанд. Аксарияти онҳо ҷанговарони соли таваллудашон 1912 – 1926 –ро дар бар мегиранд. Масалан, дар 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе 16 нафар иштирокчиёни ҷанг ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
– дар ноҳияи Сино – 6 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ – 5 нафар, ноҳияи И. Сомонӣ – 4 нафар, ноҳияи Шоҳмансур – 1 нафар.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бошад 30 нафар иштирокчиёни ҷанг ҳаёт ба сар бурда истодаанд, аз он ҷумла:
– дар ноҳияи Фархор – 5, ноҳияи Хуросон – 3 нафар; ноҳияи Ҷайҳун – 3 нафар шаҳри Бохтар – 2 нафар, ноҳияи А. Ҷомӣ – 2 нафар, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – 2 нафар, ноҳияи Панҷ – 2 нафар, ноҳияи Ховалинг – 2 нафар.ноҳияи Вахш – 1 нафар, ноҳияи Қубодиён – 1 нафар, ноҳияи Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, ноҳияи Шаҳритуз – 1 нафар, ноҳияи Кушониён – 1 нафар, ноҳияи Данғара – 1 нафар, ноҳияи Ёвон – 1 нафар, шаҳри Норак – 1 нафар, ноҳияи Муъминобод – 1 нафар.
Вобаста ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 29 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ айни замон ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
– дар ноҳияи Ашт – 5 нафар, ноҳияи Деваштич – 4 нафар, ноҳияи Ҷ. Расулов – 3 нафар, шаҳри Панҷакент – 2 нафар, шаҳри Исфара – 2 нафар, ноҳияи Спитамен – 2 нафар, ноҳияи Масчоҳ – 2 нафар, шаҳри Истаравшан – 2 нафар, шаҳри Конибодом – 2 нафар, ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ – 1 нафар, шаҳри Бустон – 1 нафар, ноҳияи Б. Ғафуров – 3 нафар рост меояд.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ айни ҳол ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
- дар ноҳияи Рӯдакӣ – 3 нафар, шаҳри Турсунзода – 3 нафар, шаҳри Ҳисор – 3 нафар, ноҳияи Варзоб – 3 нафар, шаҳри Ваҳдат – 2 нафар, ноҳияи Сангвор – 2 нафар, ноҳияи Шаҳринав – 2 нафар, ноҳияи Файзобод – 1 нафар.
Аз рӯйи сарчашмаҳои таърихӣ дар соли 2021 шумораи умумии заҳматкашони ақибгоҳ 463 нафар ба қайд гирифта шуда, рӯйхати онҳо дар ҳуҷҷатҳои бойгонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сабти ном гирифтаанд. Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахон 125 нафар ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
– ноҳияи Рошқалъа – 31 нафар, ноҳияи Рушон- 26 нафар, ноҳияи Ванҷ – 26 нафар, ноҳияи Шуғнон – 19 нафар, ноҳияи Дарвоз – 11 нафар, шаҳри Хоруғ – 8 нафар, ноҳияи Ишкошим – 4 нафар.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заҳматкашони ақибгоҳ 59 нафарро ташкил медиҳанд, аз он ҷумла:
- ноҳияи Ховалинг – 18 нафар, ноҳияи Мӯъминобод – 7 нафар, шаҳри Норак – 7 нафар, ноҳияи Восеъ – 5 нафар, ноҳияи А. Ҷомӣ – 4 нафар, ноҳияи Кушониён – 3 нафар, ноҳияи Балҷувон – 3 нафар, ноҳияи Шаҳритуз- 2 нафар, ноҳияи Данғара – 2 нафар, шаҳри Кӯлоб – 2 нафар, ноҳияи Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, ноҳияи Хуросон – 1 нафар, ноҳияи Н. Хусрав -1 нафар, ноҳияи Панҷ – 1 нафар, ноҳияи Фархор – 1 нафар, ноҳияи Ш. Шоҳин – 1 нафар.
Дар 4 ноҳияҳои шаҳри Душанбе 40 нафар заҳматкашони ақибгоҳ дар дафтари қайд номнавис шудаанд, аз он ҷумла:
- дар ноҳияи И. Сомонӣ – 16 нафар, ноҳияи Шоҳмансур – 15 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ – 6 нафар, ноҳияи Сино – 3 нафар.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд заҳматкашони ақибгоҳ 189 нафар айни ҳол ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
- дар шаҳри Истаравшан – 63 нафар, ноҳияи Шаҳристон – 24 нафар, ноҳияи Б. Ғафуров – 22 нафар, ноҳияи Ашт – 19 нафар, шаҳри Исфара – 13 нафар, шаҳри Хуҷанд – 13 нафар, ноҳияи Деваштич – 9 нафар, ноҳияи Зафаробод – 7 нафар, шаҳри Конибодом – 4 нафар, шаҳри Гулистон – 4 нафар, ноҳияи Спитамен – 3 нафар, шаҳри Панҷакент – 3 нафар, шаҳри Бустон – 2 нафар, ноҳияи Масчоҳ – 2 нафар, ноҳияи Ҷ. Расулов – 1 нафар.
Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50 нафар заҳматкашони ақибгоҳ ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
- дар ноҳияи Варзоб – 22 нафар, шаҳри Ҳисор – 7 нафар, ноҳияи Нуробод – 6 нафар, шаҳри Турсунзода – 5 нафар, ноҳияи Рӯдаки – 4 нафар, шаҳри Ваҳдат – 3 нафар, ноҳияи Файзобод – 1 нафар, ноҳияи Лахш – 1 нафар, ноҳияи Шаҳринав – 1 нафар.
Ҳамчунин, айни замон руйхати оилаҳои бесаробонмондагони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 23 нафар (то моҳи майи соли 2021) ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз – 8 нафар, ноҳияи Шуғнон – 5 нафар, шаҳри Хоруғ – 2 нафар;
– вилояти Суғд дар ноҳияи Б. Ғафуров – 1 нафар;
– ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Роғун – 6 нафар ва шаҳри Ваҳдат – 1 нафар.
Дар баробари таъмини кафолату имтиёзҳои пешбинигардида, ҳамзамон ба иштирокчиёни ҷанг ва маъюбоне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҷрӯҳ шуда баргаштаанд, хизматҳои иҷтимоӣ аз ҷониби муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ пешбинӣ мегарданд.
Мувофиқи маълумотҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 зиёда аз 260 ҳазор нафар тоҷикистониён дар қатори дигар даъватшудагони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок намудаанд.
Муддати тӯлонӣ сипарӣ гардида бошад ҳам, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Наслҳои оянда ҳамеша бояд ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбанд.
Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба Комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, дар аризаҳои худ изҳори ихтиёрона ба фронт рафтанро мекарданд. Масалан, дар он рӯзҳо нависандаи маҳбуби тоҷик ва фарзанди фарзонаи миллат Фотеҳ Ниёзӣ дар аризааш навишта буд: «Маълум мекунам, ки хоҳиши ихтиёрӣ ба сафи Армияи Сурх рафтан дорам ва то қатраи охирини хунам бар зидди фашистони ғоратгар меҷангам. Ман тайёрам, ки ҳамагуна супоришҳои Ватанро ба ҷо биёрам. Хоҳиш мекунам, ки пурсиши ман рад карда нашавад ва ман ихтиёран ба сафи ихтиёриён ба қайд гирифта шавам».
Инчунин, родмарди тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ низ моҳи марти соли 1942 ба сафи Армияи Советӣ даъват шуда, аввал ба Омӯзишгоҳи ҳарбии миномётии шаҳри Пенза дохил шуд. Дар он ҷо техникаи ҳарбиро омӯхта, бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳимояи Ленинград фиристода шуд ва дар як шеъраш овардааст:
Мо имрӯз ҳақ дорем, ки бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон зиёда аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҷавонмардони тоҷик бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд.
Зикр намуд, ки корнамоиҳои ватандӯстони тоҷик, аз ҷумла Саидқул Турдиев, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирммуҳамадзода намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудаанд.
Дар он давра на танҳо мардон, балки садҳо нафар занону духтарони тоҷик низ дар бораи ба фронт фиристонданашон изҳори хоҳиш мекарданд. Масалан, дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябр (ҳоло И.Сомонӣ) –и шаҳри Душанбе аз 700 адад аризаи дар рӯзи якуми ҷанг ба қайд гирифташуда, 200 адади он аз номи занону духтарони бонангу номус буданд.
Ҷанги Бузурги Ватаниро таърихшиносон барҳақ вазнинтарин, мудҳиштарин ва фалокатовартарини имтиҳони инсоният донистаанд. Аз сарчашмаҳои бойгонӣ маълум шудааст, ки дар ҷанг беш аз 70 давлати хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд ва талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг триллионҳо доллари амрикоиро ташкил медод.
Мо, созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем, чунки онҳо дар ҷабҳаҳои ҳарбӣ ва баҳри озодиву ҳифзи Ватан, дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд.
Идрисова Майсара,
сармутахассиси Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон