«ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ — ШАРТИ АСОСИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СOVID-19». Чунин иброз дошт Хушвахт Ҳасанзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»

«ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ — ШАРТИ АСОСИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СOVID-19». Чунин иброз дошт Хушвахт Ҳасанзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»
Июн 17
17:38 2020

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шиддати сироятёбӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфта, аксарияти беморхонаҳои мамлакат ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштаанд. Бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 аз 15 июн ба фаъолият шуруъ намудани муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, аз 20 июн барои баргузории туйи хонадоршавӣ ва аз 1 июл барои анҷом додани парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷозат дод.

Дар бораи коҳиш ёфтани шиддати сироятёбӣ ба коронавириси нав дар мамлакат, тадбирҳои саривақтии роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷумҳурӣ ва мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи байниҳамдигарӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт ҲАСАНЗОДА ибрози назар намуд.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳоест, ки бемории сироятии СOVID-19 нисбат ба дигар давлатҳо дертар расид, аммо дар як давраи кутоҳ хуруҷи он пешгирӣ шуд. Ба андешаи Шумо, кадом тадбирҳо шиддати сироятёбӣ ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ коҳиш доданд?

Хушвахт Ҳасанзода: Албатта, аз рӯзҳои аввали пайдошавии бемории сироятии коронавируси нави СOVID-19, ки ба охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳрии Ухани музофоти Ҳубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд, дар кишвари мо тамоми он иқдомҳое, ки аз ҷониби ҳокимияти марказию маҳаллӣ ва вазорату идораҳо, бахусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуданд, чорабиниҳои саривақтӣ ва асоснок буданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ, назорати ҷиддӣ ва қатъӣ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ба карантин фаро гирифтани онҳое, ки нишонаи ин бемориро доштанд, аз ҷумлаи ин чорабиниҳои аввалиндараҷа мебошанд. Ин буд, ки дар як муддати муайян ва бағоят муҳим барои Тоҷикистон ва мардуми он, яъне рӯзу моҳҳои аввали хуруҷи беморӣ дар саросари ҷаҳон, пеши роҳи паҳншавии  коронавируси нави СOVID-19 дар ҷумҳурӣ гирифта шавад.

АМИТ «Ховар»: Чӣ боис шуд, ки новобаста аз тадбирҳои зарурии андешидаи мақомоти дахлдор, ин беморӣ дар ҷумҳурӣ паҳн гардад?

Хушвахт Ҳасанзода: Мутаассифона, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси бемории мазкур ва раванди паҳншавии он дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Россияву ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки робитаи мардуми мо бо ин кишварҳо хеле зиёд аст ва муҳимтар аз ҳама дуруст дарк накардани мушкилоти пандемия, риоя накардани тавсияҳои мутахассисон ва ба саҳлангорӣ роҳ додани баъзе аз нафарон, яъне бо ҳар роҳу усул, аз ҷумла пинҳонкорона рафтан ва омадан аз ҳудудҳое, ки он ҷо ҳолатҳои паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави СOVID-19 ҷой дошт, бемории мазкур ба ҳудуди кишвари мо интиқол ёфт. Агарчанде, дар рӯзҳои аввал вобаста ба таҳлукаҳо дар миёни мардум хеле як бори гарон ба дӯши кормандони тиб, дар маҷмӯъ, соҳаи тандурустии кишвар афтод, баъдан фикр менамоям, ҳамагӣ мо шоҳиди он гардидем, ки хеле зуд бо роҳандозии чораҳои иловагӣ аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар пешгирӣ намудани ҳолатҳои паҳншавии беморӣ ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморон имкон дод, ки раванди паҳншавии ин бемории сироятӣ ба таври назаррас коҳиш дода шавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо хуб мушоҳида кардед, ки паҳншавии бемории СOVID-19 миёни аҳли башар як тарсу таҳлукаро ба вуҷуд овард. Дар ин баробар тарсу воҳима аз ин беморӣ ба ҳолати рӯҳии шаҳрвандон, албатта, бетаъсир намонд. Чӣ бояд кард, ки ба ҳолати равонии мардум осеб нарасад?

Хушвахт Ҳасанзода: Воҳимапардозӣ ва тарсонидан яке аз хислатҳои бади инсонист. Аз нигоҳи равоншиносӣ тарсу воҳима яке аз омили асосии гирифторшавӣ ба аксарияти бемориҳо мебошад. Аз нигоҳи физиологӣ бошад, ҳолати тарс дар як вақти муайян тартиби фаъолияти мубодилаи моддаҳоро дар организм вайрон намуда, ба пастшавии системаи муҳофизатии бадан (имунитет) оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, ба воҳимаву тарс дода нашуда, мувофиқи тавсияву пешниҳодҳои мутахассисон бояд амал намоем. Дар баробари ин имрӯз истифодаи технологияҳои комуникатсионӣ, аз ҷумла, телефону интернет хеле рушд намудааст. Хуб мебуд барои хабардор шудан аз ҳоли якдигар (наздикон – хешону дӯстон) аз ин воситаҳо истифода намоему дар натиҷа ҳам аз сироятёбӣ эмин ва ҳам бо хабардор шудан аз саломатии якдигар болидахотир бошем. Болидахотирӣ ё хотириҷамъӣ омили муҳим барои пешгирӣ ва ё табобати беморӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Сабаби хуруҷи коронавирусро дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Россия дар чӣ мебинед?

Хушвахт Ҳасанзода: Пӯшида нест, ки манбаи асосии сироят шахси бемор мебошад. Албатта, дар ҳолати риоя накардани тартиботи муқаррарнамудаи ин ё он кишвар ва бахусус риоя накардани қоидаҳои беҳдоштии фардӣ, истифода накардани даҳонбанди тиббӣ ва риоя нагардидани фосилаи байниҳамдигарӣ дилхоҳ нафарро дар куҷое, ки бошад, барои сироятёбӣ осебпазир мегардонад.

АМИТ «Ховар»: Муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумлаи равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Маълум аст, ки аксари ҳамватанони мо бо ин мақсад Федератсияи Россияро интихоб кардаанд. Доман паҳн кардани ин беморӣ дар ин мамлакат, албатта, наздикону пайвандони муҳоҷиронро ба ташвиш гузошт. Дар ҳамин гуна рӯзҳои ҳассос аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи ҷумҳурӣ кадом чорабиниҳои иттилоотӣ барои муҳоҷирон тарҳрезӣ шудаанд?

Хушвахт Ҳасанзода: Бештари чорабиниҳо вобаста ба иттилоотонии ҷомеа оид ба хусусиятҳои бемории сироятии коронавируси нави СOVID-19 ва роҳҳои пешгирии сироятёбӣ ба он тавассути ВАО, аз ҷумла шабакаи интернет пешкаши ҷомеа гардиданд. Азбаски имрӯзҳо ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тариқи моҳвора дар тамоми кишварҳои дунё тамошо кардан мумкин аст ва ман бовар дорам, ки ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки дар кадом гӯшаи дунё бошад, аз хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон огоҳ мешавад. Мо бовар доштем, ки ҳама он ролику барномаҳо ва корҳои фаҳмондадиҳие, ки тавассути телевизиону радиоҳо пахш мегардад, ба дарди ҳамватанони бурунмарзиямон низ бархурд мекунад. Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти дастрас, намояндагиҳои дипломатии давлати мо дар дигар кишварҳо низ дар доираи салоҳиятҳои худ тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»: Риояи гигиенаи шахсӣ аз шартҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо ин беморӣ аст. Дар шароити муҳоҷират ин қоида то чӣ андоза риоя мешавад?

Хушвахт Ҳасанзода: Албатта, барои баъзеҳо мумкин аст, ки риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тартиботи муқарраргардида дар шароити муҳоҷират хеле мушкил бошад, лекин чӣ илоҷ, бо ҳар роҳе набошад, бояд риоя намуд. Ба андешаи ман он таҷрибае, ки дар рафти пешгирии паҳншавӣ ва табобати бемории мазкур аз худ намудем, моро водор менамояд, ки минбаъд ба хотири ҳифз намудани саломатии худу атрофиён аз пештара дида бештар масъулиятшинос бошем. Яъне дар тозаву озода гаштану зиндагии шоиста намудан, дар нармгуфториву хушсуханӣ, дар баҷоории эҳтирому дастгирии ҳамдигар, дар ҳалолкориву дар меҳнатдустӣ ва дигар корҳои шоиста намуна барои якдигар бошем.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи мутахассисон хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар назар аст. Дар сурати дубора шиддат гирифтани он чӣ бояд кард?

Хушвахт Ҳасанзода: Инро саволи муҳим ва бамаврид мешуморам. Дар ҳолати риоя нагардидани тавсияҳо оид ба ҳолатҳои беҳдоштӣ, фосилаи байни якдигар ва истифода нашудани даҳонбандҳои тиббӣ инсоният натанҳо ба як мавҷу ду мавҷи хуруҷи чунин беморӣ ҳатто даҳҳо мавҷи дигар метавонад рӯ ба рӯ шавад. Бинед, мо дар раванди пешгирии паҳшавӣ ва табобати бемории сироятии коронавируси навии СOVID-19 хеле таҷрибаи муҳимро аз худ кардем. Бовар ҳосил намудем, ки назокату озодагӣ, яъне риояи ҳолатҳои беҳдоштии фардӣ ва муҳити атроф, истифодаи ҳатмии даҳонбандҳои тиббӣ ва риояи фосилаи байни якдигар ҳангоми муошират аз омилҳои муҳими пешгирии сироятёбӣ аз бемориҳо мебошанд. Моро зарурият пеш омадааст, ки минбаъд нигоҳи худро ба зиндагӣ дар доираи ин омилҳо шакл диҳем. Имрӯз мо натанҳо барои ҳифзи саломатии худ, балки барои ҳифзи саломатии наздикону атрофиён масъул ҳастем.

АМИТ «Ховар»: Ба он нафароне, ки дар худ аломатҳои ин бемориро эҳсос мекунанд, ҳамчун мутахассис чӣ маслиҳат медиҳед?

Хушвахт Ҳасанзода: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳангоми пайдошавии оризаҳо мо бояд барои ташхису табобат ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намуда, мувофиқи тавсияи табибон амал намоем, зинҳор ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 475
  • 612
  • 863,567