ЭЪЛОН дар бораи озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ

Декабр 29
09:20 2023

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба категорияҳои осебпазирӣ аҳолӣ озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро  5 декабри соли 2023, №776 баргузор менамояд. Ба озмун ҷиҳати гирифтани фармоиши иҷтимоии давлатӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратие роҳ дода мешаванд, ки барномаҳои (лоиҳаҳои) иҷтимоии пешниҳодкардаашон ба талаботи фармоиши иҷтимоии давлатӣ ҷавобгӯ буда, суратҳисоби бонкӣ ва дар соҳаи барномаи эълоншудаи озмун таҷрибаи кории на камтар аз яксола дошта бошанд.

Ба номгӯи ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ, ки барои пешниҳоди иштирокчиёни озмун зарур мебошанд, дохил мешаванд:

– нусхаи Оиннома (Низомнома)-и ташкилот;

– нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

– нусхаи иҷозатнома барои намудҳои фаъолияте, ки ҷиҳати амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст;

– нусхаи ҳисоботи тавозунӣ аз соли гузашта, ки аз ҷониби мақомоти минтақавии андоз тасдиқ гардидааст ё маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани қарздорӣ аз рӯи пардохтҳо, ки мақомоти минтақавии андоз ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ додаанд;

– нусхаи дипломи иҷрокунандагони асосии (шахсони воқеӣ) лоиҳа.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои пешниҳоди лоиҳавӣ ҷиҳати иштирок дар озмун то 22 январи соли 2024 муқаррар гардидааст.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳоро дар муҳлати муқарраргардида дар се лифофа:  аслӣ ва ду нусха ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко-69, ба бахши хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии вазорат пешниҳод намоянд.   Озмун 23 январи соли 2024 дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко-69 баргузор мегардад.

Телефон барои тамос: 223-22-05, 904-40-00-40.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 412
  • 956
  • 913,112