Сентябр 20
14:05
2018
Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби котиби масъули Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ озмун эълон менамояд.
Мавқеи ҷойгиршавӣ: ш.Душанбе
Ўҳдадориҳои асосӣ:
- ташкил намудани ҷаласаҳои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ (КМҲ);
- таҳия намудани нақшаи кори солонаи КМҲ;
- таҳия намудани маводҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои КМҲ;
- ба роҳ мондани пешбурди коргузории ҷаласаҳои КМҲ;
- таъмин намудани аъзои КМҲ бо маводҳои зарурӣ;
- ҳамкорӣ намудан бо ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ;
- аз номи КМҲ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти чорабиниҳои пешгирикунӣ оид ба ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа;
- ташкил намудани фаъолияти гурўҳҳои техникии назди КМҲ;
- кўмак намудан ҷиҳати ташкил намудани фаъолияти Кумитаи назоратии назди КМҲ;
Талаботҳои зарурӣ:
- маълумоти олӣ дар соҳаи тиб, илмҳои гуманитарӣ;
- собиқаи корӣ на камтар аз панҷ сол;
- малакаи муошират ва ҳамоҳангсозӣ;
- доштани маълумот дар бораи стратегияҳо ва барномаҳо дар соҳаи мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа дар Тоҷикистон;
- таҷрибаи корӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ;
- доштани маълумот дар бораи сиёсат ва тартиби кори Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа;
- таҷрибаи корӣ дар самти гузаронидани таҳлил, тартиби додани ҳисоботҳо ва пешбурди протоколҳои ҷаласаҳо;
- дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дониши забони англисӣ афзалият аст;
- дониши касбии маҷмўи барномаҳои MS Office (Word, Excel, Powerpoint).
Шахсони манфиатдор бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- ариза барои иштирок дар озмун
- варақаи шахсӣ (резюме) бо забони русӣ
- нусхаи дипломи таҳсилот
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба унвонии Котиботи КМҲ ба суроғаи электронии: ncc.tajikistan@gmail.com, ё дар лифофаи пўшида ба суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 61/1 (Пажўҳишгоҳи тиби профилактикии Тоҷикистон) пешниҳод намоянд.
Мўҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо – 3 октябри соли 2018, то соати 14:00 вақти маҳаллӣ.