ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ ОҚИБАТҲОИ ПАНДЕМИЯ. Сарварони СҲШ Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасдиқ намуданд

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ ОҚИБАТҲОИ ПАНДЕМИЯ. Сарварони СҲШ Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасдиқ намуданд
Ноябр 11
13:53 2020

Сарварони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки дирӯз, 10 ноябр дар шакли онлайн баргузор гардид, 16 санад, аз ҷумла Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасвиб карданд. Дар конфронс, аз ҷумла, иқдом дар самти муқовимат бо пандемия ва нарм намудани таъсири он нисбат ба иқтисоди кишварҳо муҳокима шуданд. Илова бар ин, сарварони кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2021–2025 тасдиқ кунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ҷараёни вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус, мо (кишварҳои узви СҲШ — шарҳи АМИТ «Ховар») имрӯз бо мушкилоти нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавем. Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари ҷиддӣ расонида мешавад. Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид намуд. Вай омили афзоиши якбораи бекорӣ, монеи воридшавии сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид. Баъзе кишварҳо метавонанд бо таҳдидҳои амнияти ғизоӣ рӯ ба рӯ шаванд.

«Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ хусусияти дарозмуддат дорад», — зикр намуд Сарвари Тоҷикистон. Ба андешаи ӯ, ин чолишҳо муҳимияти андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо тақозо мекунанд. Дар ин замина, тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва  иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати СҲШ ҳашт кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Чин шомил мебошанд. Чор кишвари дигар (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) мақоми нозир доранд.

АКС: скриншот

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 92
  • 1,058
  • 888,504