Фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 3 моҳи соли 2023

Май 04
15:08 2023

Тибби оилавӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ, ки заминаи пешгирии хуруҷи бемориҳо ва таъмини сиҳатии сокинон дониста мешавад аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарити олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.  Ҳамин аст, ки татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ аз иқдомоти амалии ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷи2ҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дониста мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” таҳти маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бобати дастгирии бахми КАТС дар 16 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад ва ҳамакнун дар моҳи июни соли 2023 ба итмом хоҳад расид.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз қабилӣ:  А. Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Зафаробод,  Ҷ.Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Файзободи НТМ, ноҳияи Дарвози ВМКБ амалӣ мегардад, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ нақши кадирӣ иҷро менамояд.

Азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ,   таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Дар доираи татбиқи иқдомоти амалӣ ва қисматҳои амалисозии Лоиҳа дар давраи 3 моҳаи аввали соли 2023 низ як зумра дасторвадҳои назаррасе пиёда шудаанд.

Лоиҳа мазкур, ки дар асоси се   қисмат;  маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ), пурзӯр намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва идоракунии  Лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ фаъолият мебарад дар 3 моҳаи аввали соли 2023 ба як қатор дасторвадҳои амалӣ дастёб шуд.

Махсусан дар доираи татбиқи Лоиҳа дар 3 моҳаи аввали соли 2023 ҳҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2023 – 183 006,15 доллари ИМА-ро ташкил намудааст.  Ин ҳам дар ҳоест, ки корҳои иҷрошуда ва маблағи азхудшуда аз оғози татбиқи Лоиҳа ва ё давраи дуввуми маблағгудории он, ки  соли 2021 шурӯъ шуд, ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз аввали татбиқи Лоиҳа 11 052,345 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Корҳои иҷрошуда ва маблағи азхудшуда дар соли 2023

Аз аввали соли 2023 дар сатҳи коргоҳи Лоиҳа хароҷотҳо барои музди меҳнат, хароҷотҳои амалиётӣ ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ ба  маблағи умумии 138881,85 доллари ИМА, барои хароҷоти хизматрасониҳои машварати ба маблағи 13280 доллари ИМА, 10381,97 доллари ИМА барои пардохти интернетии ноҳияҳои таҷрибавӣ ва 22102,45 доллари ИМА барои гузаронидани верификатсияи дохилӣ пардохт карда шудаанд.   Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2023 – 183 006,15 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Корҳои иҷрошуда ва маблағи азхудшуда аз оғози татбиқи Лоиҳа.

Аз аввали татбиқ гардидани Лоиҳа   хароҷотҳо барои музди меҳнат, хароҷотҳои амалиётӣ ва гузаронидани як қатор давраҳои омӯзишӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба маблағи умуми 2 033 879,00 доллари ИМА, барои хароҷоти хизматрасониҳои машваратӣ ба маблағи 518 887,05 доллари ИМА, 90 373,05 доллари ИМА барои пардохти интернети ноҳияҳои таҷрибавӣ, 249 386,28 доллари ИМА барои гузаронидани верификатсияи дохилиро ташкил додааст.   Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз аввали татбиқи Лоиҳа бошад   2 889 085,46  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути усулҳои муосири маблағгузории  соҳаи тандурустӣ,  асосан “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият” ва такмили заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои КАТС иборат мебошад Арзиши умумии татбиқи  Лоиҳа бошад 45 миллиону 232 ҳазор дол. ИМА-ро дар бар гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” аз соли 2013 фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ кардаву то ба соли 2020 дар 10 ноҳияҳои кишвар бобати боло бурдани вазъи хизматрасонии муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ санитарӣ фаъолият намудаву аз соли 2021 6 ноҳияи таҷрибавии дигарро зери сарпарастӣ қарор дод, ки дар умум ба 16 ноҳия расид. То ба ҳолати феълӣ Лоиҳа дар 736 марказ аз ҷумла 265  марказҳои саломатии деҳор 455 бунгоҳҳои саломатӣ, 16 маркази саломатии ноҳиявиро зери сарпарастӣ қарор додааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 469
  • 956
  • 913,169