Бо мақсади таҳлили фаъолияти марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2020, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳа ва беҳтар намудани фаъолияти хизматрасонӣ дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, роҳбарон ва кормандони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” масъалаҳои ҷории соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбати андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба мушкилию камбудиҳои ҷойдошта дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин вохуриҳои судмандро бо кормандон ва роҳбарони муассисаҳои хеш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор намояд.