Бо мақсади таҳлили фаъолияти марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои хусусии тиббӣ дар шаш моҳаи аввали соли 2024, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳа, ҳамкории пайвастаи муассисаҳои хусусии тиббӣ бо муассисаҳои давлатӣ, пешниҳоди омори дурусту дақиқ ва беҳтар намудани фаъолияти хизматрасонӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбарон ва кормандони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” масъалаҳои ҷории соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбати андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба мушкилию камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин вохуриҳои судмандро бо кормандон ва роҳбарони муассисаҳои хеш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор намояд.