Фаъолияти «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» баррасӣ гардид

Фаъолияти «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» баррасӣ гардид
Июн 06
11:07 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  рӯзи 26 декабри соли 2019 баргузор гардид, қайд намуданд, ки «Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирӣ таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабака гузаронида мешавад».

Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.

Бо ин мақсад имрӯз, 6 июни соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед вобаста ба вориднамоии маъюбон ба маркази мазкур ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарони як қатор раёсатҳои  зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайни роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои ворид намудани маъюбонро ба маркази мазкур баррасӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои шмушаххас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 126
  • 854
  • 917,643