Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд

Фаъолияти муассисаҳои  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд
Июл 04
10:20 2024

3 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлилу баррасии фаъолияти муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, роҳбарони муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур диққати роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифодаи самараноки заминҳои дар ихтиёрашон буда, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, захираи кофии ангишту ҳезум ва маводи хӯрока, беҳтар нумудани хизматрасонӣ ба бошандагон ҷалб гардида, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хоса дошта, бо ташаббуси Пешвои миллат баҳри рушди он ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 24
  • 1,597
  • 1,421
  • 958,119