Гардиши хона ба хонаи табибон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ

Гардиши хона ба хонаи табибон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ
Август 13
07:52 2020

Рӯзи 12 августи соли равон ҳайати кормандони соҳаи тандурустии шаҳр иборат аз 24 нафар табибон ва 195 нафар хамширахои тиб таҳти сарварии сартабиби Беморхонаи марказии Исфара Таибиддин Мухамедов, якҷо бо кормандони бахши мафкуравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ гардиши хона ба хонаро анҷом доданд.

Дар раванди ин тадбири саривақтӣ ва судманд гурӯҳҳои корӣ ба манзили 6082 хонавода дидан намуда, дар маҷмӯъ бо 31270 нафар аҳолӣ суҳбату амалҳои мафкуравӣ ва дастурдиҳӣ анҷом доданд. Ҳамзамон, гурӯҳҳои корӣ аз 10 муассисаи таълимии ҳудуди ҷамоат, 21 корхонаю коргоҳ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва иншоотҳои варзишӣ боздид ба амал оварда, ҷиҳати пайваста гузаронидани корҳои безараргардонию зиддиэпидемиявӣ ва риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ дастурҳо дода, варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

Ҳангоми вохӯриҳо бо аҳолӣ ва гузаронидани муоинаи ниёзмандон 3 нафар шаҳрвандон бо харорати баланд ва 18 нафар кӯдакон бо маризии илтиҳоби рӯдаю меъда ба қайд ва ташхису табаиобат фаро гирифта шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни пешбурди корҳои мафкуравӣ 40 нафар кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ низ фаъолона ширкат варзиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 339
  • 1,103
  • 947,077