Феврал 08
20:54
2024
Шоми 8 феврали соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои онҳо шинос шуд.
Зимни гардиши шабона Абдухолиқ Амирзода бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дидан намуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо сӯҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муовини вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.