Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар рӯзҳои 12 то 15 май, ки ҳароати гармӣ то 41 дарача хоҳад расид, назоратро аз болои муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти зудвайроншаванда, муассисаҳои томактабиву мактабӣ пурзӯр намуда, ҳамаи шаҳрвандони кишварро даъват менамояд то дар ин рӯзҳо бе зарурат ба хусус дар айни гармии офтоб, аз соати 12 то 15 ба кӯча набароянд. Хадамот тамоми сохторҳои худро вазифадор кардааст, ки дар ин рӯзҳо муассисаҳои томактабӣ ва мактабиро бо оби ошомидании хушсифат таъмин намоянд. Чун айёми оббозӣ аллакай оғоз шудааст, назорат дар чойҳои махсусе, ки барои шиноварӣ муайян карда шудааст, пурзӯр карда мешавад, зеро оббозӣ дар соатҳои гарми рӯз тавсия дода намешавад. Ба нафароне, ки машғули корҳои саҳроӣ ҳастанд тавсия дода мешавад, ки ҳатман бо худ оби тозаи нӯшокӣ гиранд. Барои нигоҳ доштани вазъи мӯътадили бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд. Ҳавои гарм бештар ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, аз ин рӯ фарзандони худро аз гаштугузори беҳуда дар зери офтоб нигоҳ доред.