COVID-19. То имрӯз дар ҷаҳон беш аз 3,5 миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

COVID-19. То имрӯз дар ҷаҳон беш аз 3,5 миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд
Июн 09
08:03 2020

Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 107 270 нафар зиёд шуда, ба 7 199 306 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 536 ҳазору 274 кас шифо ёфтаанд ва 408 ҳазору 734 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Шумораи зиёди сироятҳо дар ИМА ба қайд гирифта шуда, 2 026 493 нафарро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 113 055 кас вафот  карда, 773 480 нафар беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар ҷои дуюм Бразилия қарор дорад, ки дар он 710 887 нафар сироят ёфта, 37 312 нафар вафот кардаанд ва 325 602 нафар табобат шудаанд.

Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷои сеюм буда, аз 476 658 нафар гирифторон 5 971 нафар вафот карданд ва 230 ҳазору 688 нафар шифо ёфтаанд.

Испания бо 288 ҳазору 797 сироятшуда дар ҷои чорум буда, дар он 27 ҳазору 136 нафар фавтидаанд ва беш аз 150 000 бемор сиҳат шудаанд.

Дар Британия 287 ҳазору 399 нафар гирифтори ин беморӣ шудаад. Аз рӯи теъдоди ҳолатҳои фавт Британия дар ҷои дуюм қарор дорад – 40 597 нафар.

Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Ҳиндустон ба 266 ҳазору 598 нафар, фавтидагон ба 7 ҳазору 473 кас ва шифоёфтагон ба 129 ҳазору 215 нафар расид.

Дар Италия 235 ҳазору 278 нафар аз бемории мазкур сироят ёфта, 33 964 каси онҳо вафот кардаанд ва 166 584 нафар бар он пирӯз шудаанд.

Дар Перу 199 696 нафар бемор шуда, 5 571 кас вафот кардаанд ва 89 556 нафар шифо ёфтаанд.

Дар Германия 186 205 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, аз онҳо 8 783 нафар фавтидаанд ва 169 600 бемор сиҳат шудаанд.

Дар ҷойи даҳум Эрон қарор дошта, дар он 173 832 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 8 351 кас вафот кардаанд ва 136 360 бемор шифо ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 марти соли 2020 СУТ эълом кард, ки ин беморӣ пандемия гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 375
  • 1,099
  • 923,587