Хатлон: Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии вилоят баргузор гардид

Хатлон: Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии вилоят баргузор гардид
Октябр 02
13:09 2020

Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати тандурустии  вилояти Хатлон Раҷабзода М.М, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии  вилоят  доир гардид, дар кори он сартабибони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони КАТС, директорони  марказҳи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вазъи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои эндокринологӣ дар вилояти Хатлон ва дурнамои рушди он, иҷроиши “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022”, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳои вилоятии ташхисию табобатии вилоятӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба мавзӯъҳои мазкур дар ҷаласа маърӯзаҳо пешниҳод карда шуда, нисбат ба камбудиву мушкилоти мавҷудаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи бемории  COVID-19, махсусан, пурзӯр намудуни корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 733
  • 1,103
  • 947,471