
Бо мақсади тақвият бахшидани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 20 июли соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, роҳбарони шабакаҳои КАТС, сартабибони Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ҷаласаи сайёр доир гардид.
Дар ҷаласа вазъи бемории COVID-19 дар вилояти Хатлон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.