Хатлон: Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба давраи зимистон санҷида шуд

Хатлон: Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба давраи зимистон санҷида шуд
Ноябр 28
13:41 2020

Мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятро ба давраи зимистон ва ҳолатҳои пешгирӣ аз сӯхтор мавриди санҷиш қарор доданд.

Чунин як санҷиш аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати мазкур дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён” гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаи мазкур чораҳои пешгирӣ аз сухтор  риоя гардида, дар он шитҳои зиддисухторӣ, гӯшаҳои огоҳкунанда, гидрантҳо ва ҳавзи захираи об  дар ҳолати омодабош қарор доранд. Инчунин, дар муассисаи мазкур хат ва дастгоҳҳои барқӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ба фасли зимистон омода мебошанд.

Тавре аён гардид, дар ин муассиса 5 адад гӯшаҳои зиддисухторӣ бо тамоми таҳҷизоти зарурӣ  мавҷуд мебошанд. Инчунин, дар дохили бинои муассиса 6 адад гидрант  бо рудаҳои махсуси зиддисухторӣ васл шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Зимни санҷиш маълум гардид, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён” барои муътадил гузаронидани фасли зимистон захираи кофии ангишту ҳезум ва маводҳои ғизои низ муҳайё карда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар муассисаи мазкур 60 нафар бошандагон, аз ҷумла 41 нафар мард ва 19 нафар занон қарор доранд.

Бояд гуфт, ки муассисаи номбурда бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳамзамон, чунин санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  дар Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ гузаронида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,148
  • 1,168
  • 841,634