Хатлон: Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нави COVID-19

Хатлон: Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нави COVID-19
Октябр 20
08:56 2020

19 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон  ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси нави COVID-19 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа  сардор ва аъзоёни ситод, роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сартабибон, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   иштирок намуданд.

Ҷаласаро сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М. ифтитоҳ намуда, доир ба мавзӯъҳои баррасишаванда мухтасар суханронӣ намуд.

Дар идома ҳисоботи Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят  Бояков Н.С. доир ба вазъи бемории COVID-19 дар вилояти Хатлон шунида шуд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа фаъолияти марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пас аз таҳлили масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои  мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 333
  • 1,103
  • 947,071