21 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар вохурии намояндаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ доир гардид, ки дар он сардори раёсати тандурустӣ, роҳбарон ва директорони муассисаҳои тандурустии вилоят иштирок намуданд.
Мансур Олимзода, намояндаи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон зимни суҳбат бо роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят иброз дошт, ки мақсад аз вохурии мазкур пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав COVID-19 низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта шуда, ҷиҳати ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ низ ба роҳбарони муассисаи тандурустии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.